Насби ройгони телефони доимӣ ба 100 ҳазор оилаи камбизоати Тоҷикистон

spot_imgspot_img

Дата:


Ба беш аз 100 ҳазор оилаи камбизоати Тоҷикистон ба таври ройгон телефони доимӣ (хонагӣ) насб карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси ҶСК «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров хабар дод, рӯзҳои наздик боз 50 ҳазор чунин оилаҳо бо дастгоҳҳои телефонӣ таъмин карда мешаванд.

«Дастгоҳҳои телефонӣ рӯзҳои наздик аз Чин оварда шуда, муддати 2-3 рӯз дар манзили оилаҳои бештар ниёзманд насб карда мешаванд», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли гузашта дар яке аз ҷаласҳои ҳукумат президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти алоқаро муваззаф сохт, ки ба таври ройгон 1 млн. оилаҳои ниёзманду камбизоати ҷумҳуриро бо телефонҳои доимӣ таъмин намояд.

А.Бекназаров таъкид кард, ки ҳамарӯза ба «Тоҷиктелеком» аз оилаҳои ниёзманд то 10 ҳазор ариза дар бораи насби чунин телефонҳо ворид мешавад, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ тасдиқ шудааст ва мувофиқи имкон ин дархостҳо қонеъ гардонида мешаванд.

«Тоҷиктелеком» як адад дастгоҳи телефониро бо арзиши 40 сомонӣ (8,4 $) дастрас карда, онро насб месозад, ки ин ҳам дар навбати худ хароҷоти иловагӣ талаб мекунад», – иброз дошт вай ва илова намуд, ки моҳи аввал истифода аз ин телефонҳо барои оилаҳои камбизоат ройгон аст.

Номбурда инчунин гуфт, ҶСК «Тоҷиктелеком» аз 1-уми феврали соли равон тарофаҳои зангҳои хориҷшаванда ба операторони алоқаи мобилиро ба андозаи 1 дирам боло бурдааст. «Қаблан барои пайваст шудан ба телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) 2,5 дирам маблағ ситонида мешуд, аз 1-уми феврал бошад, он 3,5 дирамро ташкил медиҳад», – афзуд ӯ. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...