Насби ройгони телефони доимӣ ба 100 ҳазор оилаи камбизоати Тоҷикистон

Ба беш аз 100 ҳазор оилаи камбизоати Тоҷикистон ба таври ройгон телефони доимӣ (хонагӣ) насб карда мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси ҶСК «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров хабар дод, рӯзҳои наздик боз 50 ҳазор чунин оилаҳо бо дастгоҳҳои телефонӣ таъмин карда мешаванд. «Дастгоҳҳои телефонӣ рӯзҳои наздик аз Чин оварда шуда, муддати 2-3 рӯз дар манзили оилаҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Ба беш аз 100 ҳазор оилаи камбизоати Тоҷикистон ба таври ройгон телефони доимӣ (хонагӣ) насб карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси ҶСК «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров хабар дод, рӯзҳои наздик боз 50 ҳазор чунин оилаҳо бо дастгоҳҳои телефонӣ таъмин карда мешаванд.

«Дастгоҳҳои телефонӣ рӯзҳои наздик аз Чин оварда шуда, муддати 2-3 рӯз дар манзили оилаҳои бештар ниёзманд насб карда мешаванд», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли гузашта дар яке аз ҷаласҳои ҳукумат президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти алоқаро муваззаф сохт, ки ба таври ройгон 1 млн. оилаҳои ниёзманду камбизоати ҷумҳуриро бо телефонҳои доимӣ таъмин намояд.

А.Бекназаров таъкид кард, ки ҳамарӯза ба «Тоҷиктелеком» аз оилаҳои ниёзманд то 10 ҳазор ариза дар бораи насби чунин телефонҳо ворид мешавад, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ тасдиқ шудааст ва мувофиқи имкон ин дархостҳо қонеъ гардонида мешаванд.

«Тоҷиктелеком» як адад дастгоҳи телефониро бо арзиши 40 сомонӣ (8,4 $) дастрас карда, онро насб месозад, ки ин ҳам дар навбати худ хароҷоти иловагӣ талаб мекунад», – иброз дошт вай ва илова намуд, ки моҳи аввал истифода аз ин телефонҳо барои оилаҳои камбизоат ройгон аст.

Номбурда инчунин гуфт, ҶСК «Тоҷиктелеком» аз 1-уми феврали соли равон тарофаҳои зангҳои хориҷшаванда ба операторони алоқаи мобилиро ба андозаи 1 дирам боло бурдааст. «Қаблан барои пайваст шудан ба телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) 2,5 дирам маблағ ситонида мешуд, аз 1-уми феврал бошад, он 3,5 дирамро ташкил медиҳад», – афзуд ӯ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.