Сокинони шарқи кишвар бештари баҳсҳоро дар доираи қонун ҳал мекунанд

Дар минтақаи шарқи кишвар шаҳрвандон акнун баҳсҳо ва мухолифатҳои пайдошудаи шахсиро бештар дар чаҳорчӯби қонун ҳал мекунанд. Тавре иҷрочии суди ноҳияи Тоҷикобод Олимҷон Назриев арз намуд, ахиран афзоиши шумори муроҷиати шаҳрвандон ба суд оид ба баҳсу мухолифатҳо миёни аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи мушоҳидаҳо солҳои пештар низ чунин воқеаҳо кам набуданд, […]

Ҷамшеди Фозил


Дар минтақаи шарқи кишвар шаҳрвандон акнун баҳсҳо ва мухолифатҳои пайдошудаи шахсиро бештар дар чаҳорчӯби қонун ҳал мекунанд.

Тавре иҷрочии суди ноҳияи Тоҷикобод Олимҷон Назриев арз намуд, ахиран афзоиши шумори муроҷиати шаҳрвандон ба суд оид ба баҳсу мухолифатҳо миёни аҳолӣ ба мушоҳида мерасад.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи мушоҳидаҳо солҳои пештар низ чунин воқеаҳо кам набуданд, вале вобаста ба чунин шикоятҳо соли гузашта ҳамаги 13 ариза ворид гардида, муддати ду моҳи соли равон бошад, суди ноҳия алаккай 7 шикояти шаҳрвандонро баррасӣ намудааст, ки ба ҷанҷолхои байниҳамӣ марбут аст.

«Аз як тараф, агар ин гувоҳи афзудани эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад, аз ҷониби дигар, шаҳрвандон акнун дар ҳама ҳолат ҳуқуқҳои худро ҳимоя кардан мехоҳанд», – гуфт вай.

Номбурда зикр кард, ки яке аз ҳодисаҳои ба ин монанд ҳафтаи гузашта дар суди ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сокини рустои Баҳори ҷамоати Лангари Шох бар асари як муноқишаи оддӣ, ба хашм омада, ҳамдеҳаи худро латкӯб мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳат бардошта, аз болои ҳамдеҳаи худ ба суд шикоят бурд.

«Суди ноҳияи Тоҷикобод ҷанҷоли байни ҳамдеҳагонро баррасӣ намуда, барои зарари миёнаи ҷисмонӣ расонидан айбдоршавандаро тибқи моддаи 111, қисми 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ ба муҳлати 1 сол бо ҷалб намудан ба корҳои ислоҳотӣ маҳкум намуд», – афзуд Назриев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.