Ҳалокати модару ду кӯдакаш бар асари як сӯхтор дар пойтахт

Бар асари сӯхторе, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе рух дод, се нафар фавтида, як тан бо осори сӯхтагиҳои зиёд ба бемористон бистарӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти оташнишонӣ хабар доданд, ин ҳодиса субҳи имрӯз, тақрибан соатҳои 9 дар хобгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ воқеъ дар кӯчаи Пайрав Сулаймонӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар манзили сӯхта […]

Валентина Кондрашова


Бар асари сӯхторе, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе рух дод, се нафар фавтида, як тан бо осори сӯхтагиҳои зиёд ба бемористон бистарӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти оташнишонӣ хабар доданд, ин ҳодиса субҳи имрӯз, тақрибан соатҳои 9 дар хобгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ воқеъ дар кӯчаи Пайрав Сулаймонӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар манзили сӯхта оилаи Мирзо Қаюмов зиндагӣ мекардаанд. Дар натиҷаи сӯхтор ҳамсари ӯ – Бунафша Мирзоеваи 34-сола ва ду писараш – Сафари шашсола ва Комрони 10-сола ба ҳалокат расида, Даврони 12-сола ба бемористон мунтақил гардидааст. Ҳангоми сар задани сӯхтор Мирзо Қаюмов дар хона ҳузур надоштааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ҷойи сӯхтор се гурӯҳи оташнишонӣ сафарбар шуда, оташ дар муддати кӯтоҳ хомӯш карда шудааст. Айни замон сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми зарари расонидаи он муайян карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.