Даъвати САҲА ҷиҳати иҷозати дастрасӣ ба Facebook

Date:


Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки супориш дар бораи манъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook ва чор сомонаи иттилоотиро бекор намояд, – хабар медиҳад радиои СММ.

Дар изҳороти ӯ зикр мегардад, ки то замоне чанд сарфи назар аз ҳолатҳои ҷудогонаи маҳдуд кардани дастрасӣ ба баъзе сомонаҳо, дар маҷмӯъ интернет дар Тоҷикистон озод боқӣ монда буд. «Аммо бино ба иттилои дастраскунандагони интернет, рӯзи 2 март ба онҳо аз хадамоти марбутаи ҳукумат супориш шудааст, ки дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook ва чор сомонаи иттилоотиро, ки масоили ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсиро инъикос мекунанд, манъ созанд», – гуфтааст Миятович.

Намояндаи САҲА таъкид кардааст, ки мутобиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, шабакаи Интернет бояд майдони озод барои муколама ва баёни озодонаи афкор бошад.

Бино ба иттилои Радиои СММ, мавқеи ЮНЕСКО (ташкилоти Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг) дар он ифода меёбад, ки усули баёни озодонаи афкор натанҳо дар ВАО-и маъмулӣ, балки ҳамчунин бояд дар шабакаи Интернет ва ҳама гуна дигар навъҳои медиа-лоиҳаҳо амал кунад.

Ёдрас мекунем, ки  рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, 3-юми март дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои facebook.com, zvezda.ru, tjknews.com, maxala.org и cenrtrasia.ru. баста шуд.

Бино ба маълумоти як қатор дастраскунандагони интернет, ба онҳо мактуби расмии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар ин хусус рӯзи 5-уми март расидааст, вале рӯзи 3-юми март дар ин бора супориши шифоҳӣ дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров мавҷуд будани чуни мактубро инкор намуда, ғайриимкон будани дастрасӣ ба ин сомонаҳоро бо сабабҳои техникӣ маънидод кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...