Даъвати САҲА ҷиҳати иҷозати дастрасӣ ба Facebook

Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки супориш дар бораи манъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook ва чор сомонаи иттилоотиро бекор намояд, – хабар медиҳад радиои СММ. Дар изҳороти ӯ зикр мегардад, ки то замоне чанд сарфи назар аз ҳолатҳои ҷудогонаи […]

Виктория Наумова


Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки супориш дар бораи манъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook ва чор сомонаи иттилоотиро бекор намояд, – хабар медиҳад радиои СММ.

Дар изҳороти ӯ зикр мегардад, ки то замоне чанд сарфи назар аз ҳолатҳои ҷудогонаи маҳдуд кардани дастрасӣ ба баъзе сомонаҳо, дар маҷмӯъ интернет дар Тоҷикистон озод боқӣ монда буд. «Аммо бино ба иттилои дастраскунандагони интернет, рӯзи 2 март ба онҳо аз хадамоти марбутаи ҳукумат супориш шудааст, ки дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook ва чор сомонаи иттилоотиро, ки масоили ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсиро инъикос мекунанд, манъ созанд», – гуфтааст Миятович.

Намояндаи САҲА таъкид кардааст, ки мутобиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, шабакаи Интернет бояд майдони озод барои муколама ва баёни озодонаи афкор бошад.

Бино ба иттилои Радиои СММ, мавқеи ЮНЕСКО (ташкилоти Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг) дар он ифода меёбад, ки усули баёни озодонаи афкор натанҳо дар ВАО-и маъмулӣ, балки ҳамчунин бояд дар шабакаи Интернет ва ҳама гуна дигар навъҳои медиа-лоиҳаҳо амал кунад.

Ёдрас мекунем, ки  рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, 3-юми март дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои facebook.com, zvezda.ru, tjknews.com, maxala.org и cenrtrasia.ru. баста шуд.

Бино ба маълумоти як қатор дастраскунандагони интернет, ба онҳо мактуби расмии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар ин хусус рӯзи 5-уми март расидааст, вале рӯзи 3-юми март дар ин бора супориши шифоҳӣ дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров мавҷуд будани чуни мактубро инкор намуда, ғайриимкон будани дастрасӣ ба ин сомонаҳоро бо сабабҳои техникӣ маънидод кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.