Кемал Алиспахич: Мо аз касе ҳарос надорем

Дастаи футболи Тоҷикистон дар вохӯрии нахустини мусобиқоти Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2012 имрӯз бо тими Ҳиндустон қувваозмоӣ мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Дашарт»-и пойтахти Непал – шаҳри Катманду, ки 25 ҳазор ҷойи нишаст барои мухлисон дорад, соати 17.00-и вақти маҳаллӣ (16.15 – вақти Душанбе) доир мегардад. Дар ин мусобиқот барои дарёфти роҳхати ягона ба мусобиқоти […]

Аваз Юлдошев


Дастаи футболи Тоҷикистон дар вохӯрии нахустини мусобиқоти Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2012 имрӯз бо тими Ҳиндустон қувваозмоӣ мекунад.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Дашарт»-и пойтахти Непал – шаҳри Катманду, ки 25 ҳазор ҷойи нишаст барои мухлисон дорад, соати 17.00-и вақти маҳаллӣ (16.15 – вақти Душанбе) доир мегардад.

Дар ин мусобиқот барои дарёфти роҳхати ягона ба мусобиқоти Ҷоми Осиё-2015 ҳашт даста мубориза мебаранд, ки ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд. Ҳайти гурӯҳҳо чунин аст: гурӯҳи «А» – Непал, Фаластин, Малдив ва Туркманистон ва гурӯҳи «В» – Тоҷикистон, Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон ва Филиппин.

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки дар гурӯҳи «В» рақобат шадид хоҳад шуд, зеро дар он се ғолиби Ҷоми даъват дар солҳои гуногун – Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (соли 2008) ва Кореяи Шимолӣ (соли 2010) ҷамъ омадаанд.

Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, қабл аз оғози мусобиқот сармураббиёни дастаҳо нишасти матбуотӣ доир намуда, сармураббии дастаи Тоҷикистон Кемал Алиспахич гуфтааст, тими мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқот хуб омода аст.

«Дар марҳилаи аввали мусобиқот гурӯҳи мо пурқувваттарин аст. Мо ба ҳамаи ҳарифон эҳтиром дорем, вале дар назди касе ҳарос ҳам надорем. Ҳамаи дастаҳо барои ба даври дигар роҳхат гирифтан имкони баробар доранд. Вохӯрии аввал бо Ҳиндустон хеле муҳиму ҳалкунанда мебошад. Ҳарифи мо дастаи пурқувват аст, вале мо тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, то ки мусобиқотро бо рӯҳи болидаву некбинона оғоз намоем», – изҳор кардааст сармураббии дастаи Тоҷикистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.