Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар Исломобод

Чанде қабл вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҳина Раббанӣ Кҳар доир гардид.   Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғози сӯҳбат Сафир З. Зубайдов Ҳина Раббанӣ Кҳарро бо Ҷашни байналмилалии занон ва Рӯзи Модарон табрик […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҳина Раббанӣ Кҳар доир гардид.

 

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғози сӯҳбат Сафир З. Зубайдов Ҳина Раббанӣ Кҳарро бо Ҷашни байналмилалии занон ва Рӯзи Модарон табрик намуд. 

Зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Ҳарду ҷониб зарурати ба имзо расонидани шартномаи транзитии сеҷониба миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон, ташкили хатти парвози мустақим байни ду кишвар, аҳамияти ифтитоҳи бахши Бонки миллии Покистон дар шаҳри Душанбе, иштироки як ҳайати баландпояи покистонӣ дар кори Конфронси RECCA V ва дигар ҷанбаҳои ҳамкориҳои тарафайнро муҳокима намуданд. 

Ҳамчунин, табодули назар оид ба омодагӣ ва баргузории бошукӯҳи чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон дар моҳи июни соли ҷорӣ сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.