Қабули Эъломияи ҳамкориҳои минбаъдаи Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Рӯзҳои 7-8 марти соли 2012 дар Берлин ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали Вазири мелиоратсия ва захираҳои об Султон Раҳимов ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар кори Конфронси «Дипломатияи об дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Вазорати Федералии корҳои хориҷии Олмон баргузор гардид, […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 7-8 марти соли 2012 дар Берлин ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали Вазири мелиоратсия ва захираҳои об Султон Раҳимов ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар кори Конфронси «Дипломатияи об дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Вазорати Федералии корҳои хориҷии Олмон баргузор гардид, иштирок намуд.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни иштирок дар ҳамоиши номбурда намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазоратҳои соҳаи оби кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаҳои марҳалаи якуми ташаббус дар соҳаи оби Осиёи Марказиро, ки аз соли 2008 ба роҳ монда шудааст, баррасӣ намуданд (Раванди Берлин).

 Иштирокчиёни Конфронс дар масъалаи пешрафтҳои қисмати аввали «Раванди Берлин» изҳори назар намуда, пешниҳодҳои худро дар баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯбаи ба роҳ мондани барномаҳои марҳалаи дуюми ташаббуси обӣ пешкаш карданд.

 Инчунин дар кори Конфронс ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси нозир иштирок намуд.

 Дар интиҳои Конфронс Эъломияи муштарак оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи байни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи ташаббусҳои дар болозикршуда қабул гардид. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.