Гуфтушуниди вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Али Акбар Солеҳӣ, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, вохӯрӣ намуд.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, бахусус ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, маориф баррасӣ шуданд. […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Али Акбар Солеҳӣ, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, вохӯрӣ намуд.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, бахусус ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, маориф баррасӣ шуданд.

 Ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди ду кишварро дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, аз ҷумла дар самти иҷрои тарҳи нерӯгоҳи обию барқии “Сангтӯда-2”, сохтмони нақби мошингарди “Истиқлол”, лоиҳаи пайвастшавии роҳҳои оҳани Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Хитой, муҳим арзёбӣ карданд.

 Вазир Ҳ. Зарифӣ зарурати афзоиши ҳаҷми гардиши моли миёни ду давлат, ҷалби сармояи эронӣ дар соҳаи соҳибкории хурду миёна, рушди ҳамкориҳои техникӣ дар бахши саноати кишоварзӣ ва сиёсати молиявиро таъкид сохт.

 Ҳамчунин, Ҳамрохон Зарифӣ иброз дошт, ки дар ҳошияи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни тоҷики фанҳои дақиқ, хосатан ҳандаса, тиб, геология ва ғайра, ҷавобгӯи эҳтиёҷоти Тоҷикистон мебошад.

 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки ҷониби Эрон дар чорабиниҳои идонаи Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва кори Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон дар шаҳри Душанбе иштироки фаъол хоҳад кард.

 Дар рафти музокирот инчунин доир ба масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...