Баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Норвегия

Чанде қабл раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Халмер Халворсен дидору гуфтугӯ кард. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси […]

ASIA-Plus


Чанде қабл раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Халмер Халворсен дидору гуфтугӯ кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Шоҳигарии Норвегия баррасӣ гардид. Олим Салимзода нахуст ба дипломати норвегӣ дар бораи фаъолият ва таърихи таъсиси парлумони касбии мамлакат маълумот дода, ташкили парлумони дупалатагиро аз дастовардҳои муҳими сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ кард.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳамчунин изҳор дошт, ки парлумони касбии мамлакати мо тайи солҳои охир ҳамкориро бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, дар ин замина гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъсис додааст.

Дар ин росто, тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ байни Тоҷикистону Шоҳигарии Норвегия низ барои истифода аз таҷрибаи касбкардаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо мусоидат менамояд.

Олим Салимзода ҳамчунин афзуд, ки мардум ба Маҷлиси намояндагон ҳамчун ба мақоми қонунгузор ва намояндагӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда натанҳо аз мақомоти давлатӣ, балки аз интихобкунандагон низ дархосту пешниҳодҳо ирсол мегарданд, ки бештари онҳо бо мақсади таҳриру такмили қонунҳо қабул карда мешаванд. Дар ду соли фаъолият савияву малакаи қонунофарии вакилон бештар сайқал ёфта, таҷрибаи намояндагии онҳо боз ҳам афзун гардид.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар идомаи сӯҳбати худ таъкид кард, ки сафарҳои ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон барои ширкат варзидан дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламентии ЕвроОсиё ва дигар кишвару созмонҳои байналмилалӣ барои ғанӣ гардидани таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои гуногуни ин кишвару созмонҳо мусоидат намуданд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Халмер Халворсен низ тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро омили асосии фароҳам омадани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими равобити байниҳамдигарӣ дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ кард.

Дар мулоқот роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн изҳори назар карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...