Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони милиса ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир се нафарро дар қаламрави вилояти Хатлон боздошт намуданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа автомашинаи тамғаи «Опел Астра» таҳти идораи сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ боздошт шуда, аз дохили он беш аз 1,5 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Ҳамчунин дар ноҳияи Ҷомӣ сокинони 43 ва 42-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт шуда, ҳангоми коофтукови онҳо зиёда аз 1 кило маводи мухаддир кашф ва мусодира гардидааст.


