Мусоидати Хадамоти муҳоҷират ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирон

Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ба ҳавзаи федералии Урал сафар карданд. Тавре аз намояндагии мазкур хабар доданд, дар ҷараёни сафар аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар ин ҳавза кору зиндагӣ мекунанд, як қатор арзу шикоят оид ба поймол кардани ҳуқуқи онҳо ба меҳнат қабул карда шуд. Ба иттилои […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ба ҳавзаи федералии Урал сафар карданд.

Тавре аз намояндагии мазкур хабар доданд, дар ҷараёни сафар аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар ин ҳавза кору зиндагӣ мекунанд, як қатор арзу шикоят оид ба поймол кардани ҳуқуқи онҳо ба меҳнат қабул карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз аризаи шаҳрванди Тоҷикистон Темур Зайниддинов, ки дар ҶСР «Уралтяжтрубстрой»-и шаҳри Первоуралск кор мекардааст, маълум шудааст, ки ба ӯ музди меҳнати коркардааш дар ҳаҷми ҳудуди 300 ҳазор рублро пардохт накардаанд. «Пас аз гуфтушунид бо сардори шӯъбаи ҳуқуқии корхонаи мазкур маблағи мазкур пурра ба шаҳрванди Тоҷикистон пардохт карда шуд», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Зикр гардид, ки шаҳрванди Тоҷикистон Азизмурод Самиев, ки дар ҶДММ «Металлокомплекс»-и шаҳри Екатеринбург фаъолият доштааст, низ музди меҳнати чандмоҳаи худро гирифта натавонистааст. «Дар натиҷаи муроҷиати корманди намояндагӣ ба мақомоти раҳбарии корхона, қисмате аз маблағи қарздорӣ аз музди меҳнат ба Самиев пардохт шуда, маблағи боқимонда низ рӯзҳои наздик ҳисоббаробарӣ карда мешавад», – афзуд манбаъ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.