Омодагӣ ба мулоқоти президент бо равшанфикрон

Вохӯрии анъанавии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо равшанфикрон, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз баргузор мешавад, соли равон дар таърихи 20-уми март дар бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, айни замон дар бинои китобхона корҳои ниҳоии пурра ба истифода додани иншоот […]

ASIA-Plus


Вохӯрии анъанавии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо равшанфикрон, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз баргузор мешавад, соли равон дар таърихи 20-уми март дар бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, айни замон дар бинои китобхона корҳои ниҳоии пурра ба истифода додани иншоот ҷараён доранд.

Ҳамчунин аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуда, мардуми кишварро ба вусъати кабудизоркунии муҳити зист ва корҳои ободонию созандагӣ даъват кард.

Сарвари давлат аз мулоқот бо намояндагони сершумори аҳли матбуоти кишвар ба мавзеи биноҳои маъмурию фарҳангии маркази шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар ҳашари ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии майдонҳои атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Нишони давлатӣ ва Парчами Тоҷикистон, Қасри Миллат ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон бевосита иштирок намуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.