FAO cоли равон ҳосили рекордии гандумро пешгӯӣ мекунад

Барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) соли равон ҳосили рекордии гандумро пешгӯӣ мекунад. Дар гузориши семоҳаи FAO «Пешгӯйиҳои ҳосил ва вазъи ғизо» гуфта мешавад, ки соли равон дар саросари ҷаҳон аз ҷамъоварии 690 млн. тонна зироати ғалладона интизорӣ меравад, ки ин миқдор ба андозаи 1,4% нисбат ба нишондиҳандаҳои рекордии соли 2011 камтар буда, […]

Пайрав Чоршанбиев


Барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) соли равон ҳосили рекордии гандумро пешгӯӣ мекунад.

Дар гузориши семоҳаи FAO «Пешгӯйиҳои ҳосил ва вазъи ғизо» гуфта мешавад, ки соли равон дар саросари ҷаҳон аз ҷамъоварии 690 млн. тонна зироати ғалладона интизорӣ меравад, ки ин миқдор ба андозаи 1,4% нисбат ба нишондиҳандаҳои рекордии соли 2011 камтар буда, вале дар муқоиса бо нишондиҳандаи миёнаи ҳосил тайи панҷ соли ахир хеле зиёд аст.

Дар гузориш зикр мегардад, ки устувории нархҳои байнулмилалӣ ба гандум тайи ҳафтаҳои ахир бинобар сабаби пешниҳоди на он қадр зиёд ва нигарониҳо аз оқибатҳои обуҳавои номусоид барои ҳосил дар Аврупо ва кишварҳои узви ИДМ ба вуҷуд омадааст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ карда шуд. Соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ аз ҳисоби зиёд кардани заминҳои кишт ҳаҷми истеҳсоли онро афзуданианд.

Дар ҳамин ҳол, соли 2011 ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 116 млн. доллари ИМА зиёда аз 436,1 ҳазор тонна гандум ворид шудааст. Ғайр аз ин, соли гузашта ба Тоҷикистон ҳамчунин ба маблағи 130,7 млн. $ орд низ ворид гардидааст.

Гандум ва орд ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (беш аз 90%) ворид карда мешаванд. Ҳаҷми боқимонда аз Русия оварда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, айни замон талаботи Тоҷикистон ба гандуму орд қариб 1,5 млн. тонна дар як солро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.