Боздиди ҳайати вилояти Олтой аз Тоҷикистон

Аз 12 то 18-уми марти соли равон як ҳайати вилояти Олтойи Русия таҳти сарварии муовини губернатори вилоят Борис Ларин аз Тоҷикистон боздид мекунад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Олтой, ба ҳайат кормандони мақомоти иҷроия ва қонунгузории ҳукумати вилоят, Палатаи савдо ва саноат, намояндагони як қатор корхонаҳои саноатӣ, мақомоти раҳбарии Донишгоҳи давлатии техникии Олтой […]

Виктория Наумова


Аз 12 то 18-уми марти соли равон як ҳайати вилояти Олтойи Русия таҳти сарварии муовини губернатори вилоят Борис Ларин аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Олтой, ба ҳайат кормандони мақомоти иҷроия ва қонунгузории ҳукумати вилоят, Палатаи савдо ва саноат, намояндагони як қатор корхонаҳои саноатӣ, мақомоти раҳбарии Донишгоҳи давлатии техникии Олтой ва адибони вилоят шомиланд.

Интизор меравад, ки ҳайати мазкур аз шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд боздид намуда, бо намояндагони мақомоти иҷроия ва доираҳои тиҷоратии ин манотиқ гуфтушунид хоҳад кард. Дар гуфтушунидҳо масоили ҳамкории мутақобилаи байниминтақавӣ дар бахшҳои саноат, савдо, кишоварзӣ, энергетика, коммуникатсия, итттиллот ва соҳаи гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ғайр аз ин, мулоқоти ҳайат бо намояндагони сафорат ва Палатаи савдои Русия дар Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар назар буда, ҳайат бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ шинос хоҳад шуд.

Сафари мазкур дар доираи амалисозии Меморандум оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ миёни ҳукумати вилояти Олтой ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғд сурат мегирад.

Гуфта мешавад, моҳи апрели соли 2011 як ҳайати ҳукумати вилояти Хатлон бо мақсади таҳким ва рушди ҳамкориҳои мавҷуда ва роҳандозии робитаҳои нав дар бахшҳои маориф ва табодули таҷриба дар соҳаи энергетика ба вилояти Олтой сафар карда буд. Аз рӯйи натиҷаҳои ин сафар миёни Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати вилояти Олтой оид ба таъмини робитаҳои байнулмилалӣ ва байниминтақавӣ Ёддошти рушди ҳамкориҳо ба имзо расид.

Дар ҷараёни сафари зикршуда ҳайати вилояти Хатлон ҳамчунин бо мақомоти раҳбарии Донишгоҳи давлатии техникии Олтой гуфтушунид анҷом дода, оид ба ҳамкорӣ миёни донишгоҳи мазкур ва Донишкадаи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа шартнома ба тасвиб расонид. Айни замон дар Донишгоҳи давлатии техникии Олтой дар асоси буҷетӣ ва шартномавӣ 15 нафар донишҷӯёни Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.