Дастрасӣ ба Facebook барқарор шуд

Дастрасӣ ба шабакаи маъруфи иҷтимоии интернетии Facebook дар Тоҷикистон барқарор карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз яке аз ширкатҳои интернетрасон (провайдер) хабар доданд, ширкатҳои интернетрасон аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати боз кардани шабакаи Facebook иҷозати шифоҳӣ гирифтаанд. «Ирсоли мактуби расмӣ дар ин хусусро ба рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ваъда карданд. Ин ҷо […]

ASIA-Plus


Дастрасӣ ба шабакаи маъруфи иҷтимоии интернетии Facebook дар Тоҷикистон барқарор карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз яке аз ширкатҳои интернетрасон (провайдер) хабар доданд, ширкатҳои интернетрасон аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати боз кардани шабакаи Facebook иҷозати шифоҳӣ гирифтаанд.

«Ирсоли мактуби расмӣ дар ин хусусро ба рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ваъда карданд. Ин ҷо дар бораи иҷозати дастрасӣ танҳо ба шабакаи Facebook сухан меравад, ҳарчанд аввали ҳафта дастрасӣ боз ба якчанд торнамоҳо низ манъ гардида буд», – гуфтанд дар ширкат.

Ёдрас мекунем, ки  рӯзи 3-юми март дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои facebook.com, zvezda.ru, tjknews.com, maxala.org и cenrtrasia.ru. баста шуд.

Бино ба маълумоти як қатор дастраскунандагони интернет, ба онҳо мактуби расмии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар ин хусус рӯзи 5-уми март расидааст, вале рӯзи 3-юми март дар ин бора супориши шифоҳӣ дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров мавҷуд будани чуни мактубро инкор намуда, ғайриимкон будани дастрасӣ ба ин сомонаҳоро бо сабабҳои техникӣ маънидод кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.