Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз аз 17 то 27-уми март як силсила чорабиниҳои идона доир менамояд.
– Ҳамин тариқ, рӯзи 17-уми март аз соати 9 то 11-и субҳ ба ифтихори ҷашни Наврӯз марафон баргузор мешавад, ки дар он тамоми хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд, – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов.
Санаи 20-уми март дар боғҳои фарҳангу истироҳати ба номи Рӯдакӣ, «Ғалаба», «Дӯстии халқҳо» ва «Боғи пойтахт» ба муддати 5-дақиқагӣ фейерверкафканӣ сурат мегирад.
Рӯзҳои 20-21-уми март дар «Боғи Ирам» (Боғи ботаникӣ)-и пойтахт, боғи «Дӯстии халқҳо», майдонҳои 800-солагии Маскав ва ба номи Мироненко консертҳои идона ва сайругаштҳои оммавӣ баргузор мегарданд.
Ба гуфтаи Саидов, санаи 22-юми март ҷашни Наврӯз дар микрорайонҳои пойтахт таҷлил мегардад. Рӯзи 23-юми март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқоти кушод оид ба гӯштии миллӣ доир гардида, санаи 24-уми март дар пойтахт маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор мешавад.
Ш.Саидов мегӯяд, соати 11:00-и рӯзи 25-уми март дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бо иштироки ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз ва консерти ҳунармандони маъруфи кишвар доир мегардад, ки бо фейерверкафкании 7-дақиқагӣ анҷом меёбад. Воридшавӣ ба «Наврӯзгоҳ» тибқи даъватномаҳо сурат мегирад.
Номбурда ҳамчунин гуфт, чорабиниҳои идона дар пойтахт рӯзи 27-ум март бо баргузор намудани пойгаи аспдавонӣ дар «Наврӯзгоҳ» хотима меёбанд. Оғози пойга соати 10:00 буда, қимати билет 5 сомонӣ аст.
Дар фарҷом Саидов изҳор кард, ки шурӯъ аз 10-уми март дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардида, он то 20-уми март идома меёбад.



