Наврӯзро дар Душанбе бо фейерверк пешвоз мегиранд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз аз 17 то 27-уми март як силсила чорабиниҳои идона доир менамояд. – Ҳамин тариқ, рӯзи 17-уми март аз соати 9 то 11-и субҳ ба ифтихори ҷашни Наврӯз марафон баргузор мешавад, ки дар он тамоми хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд, – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт […]

Аваз Юлдошев


Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз аз 17 то 27-уми март як силсила чорабиниҳои идона доир менамояд.

– Ҳамин тариқ, рӯзи 17-уми март аз соати 9 то 11-и субҳ ба ифтихори ҷашни Наврӯз марафон баргузор мешавад, ки дар он тамоми хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд, – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов.

Санаи 20-уми март дар боғҳои фарҳангу истироҳати ба номи Рӯдакӣ, «Ғалаба», «Дӯстии халқҳо» ва «Боғи пойтахт» ба муддати 5-дақиқагӣ фейерверкафканӣ сурат мегирад.

Рӯзҳои 20-21-уми март дар «Боғи Ирам» (Боғи ботаникӣ)-и пойтахт, боғи «Дӯстии халқҳо», майдонҳои 800-солагии Маскав ва ба номи Мироненко консертҳои идона ва сайругаштҳои оммавӣ баргузор мегарданд.

Ба гуфтаи Саидов, санаи 22-юми март ҷашни Наврӯз дар микрорайонҳои пойтахт таҷлил мегардад. Рӯзи 23-юми март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқоти кушод оид ба гӯштии миллӣ доир гардида, санаи 24-уми март дар пойтахт маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор мешавад.

Ш.Саидов мегӯяд, соати 11:00-и рӯзи 25-уми март дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бо иштироки ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз ва консерти ҳунармандони маъруфи кишвар доир мегардад, ки бо фейерверкафкании 7-дақиқагӣ анҷом меёбад. Воридшавӣ ба «Наврӯзгоҳ» тибқи даъватномаҳо сурат мегирад.

Номбурда ҳамчунин гуфт, чорабиниҳои идона дар пойтахт рӯзи 27-ум март бо баргузор намудани пойгаи аспдавонӣ дар «Наврӯзгоҳ» хотима меёбанд. Оғози пойга соати 10:00 буда, қимати билет 5 сомонӣ аст.

Дар фарҷом Саидов изҳор кард, ки шурӯъ аз 10-уми март  дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардида, он то 20-уми март идома меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.