Баррасии лоиҳаи Кодекси нави андоз дар Душанбе

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷумҳурӣ лоиҳаи Кодекси нави андоз баррасӣ мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, ин чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ва ҳамчунин бо мақсади ошноӣ бо эроду пешниҳодот оид ба ин лоиҳа созмон дода шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, чорабинӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷумҳурӣ лоиҳаи Кодекси нави андоз баррасӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, ин чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ва ҳамчунин бо мақсади ошноӣ бо эроду пешниҳодот оид ба ин лоиҳа созмон дода шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, чорабинӣ таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Шариф Раҳимзода доир гардида, ба он соҳибкорони инифиродӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, коршиносон ва журналистон даъват шудаанд.

Гуфта мешавад, эроду пешниҳодоти дар чорабинӣ ироашуда ба баррасии Комиссия оид ба таҳияи Кодекси нави андоз пешкаш карда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, дар робита ба таҳияи Кодекси нави андоз ба унвони Комиссия оид ба таҳияи Кодекси нави андоз аз соҳибкорон, мақомоти андоз, созмонҳои байнулмилалӣ ва дигар андозсупорандагон беш аз 2 ҳазор пешниҳодоту тавсияҳо ворид шудаанд.

Мутобиқи қарори ҳукумат, лоиҳа бояд на дертар аз 1-уми апрели соли ҷорӣ таҳия ва ба баррасии ҳукумат пешниҳод гардад.

Чанде қабл муовини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Рустам Ҷабборов изҳор карда буд, ки эҳтимол меравад шумори андозҳо дар Тоҷикистон аз 21 то 11 номгӯй кам карда шавад.

Кодекси андози амалкунанда, ки соли 2005 қабул гардида, ҳамасола ба он тағйироту иловаҳо ворид мегардиданд, чандин маротиба аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ, соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва коршиносн мавриди интиқод қарор гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол, аввали соли равон раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов зикр кард, ки мақомоти андоз тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ки Кодекси нав ҳуҷҷате гардад, ки ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мусоидат намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.