Намояндагони беш аз 50 кишвар даъвати иштирок дар конфронси RECCA V-ро пазируфтанд

Ба конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мегардад, намояндагони 40 кишари ҷаҳон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ даъват шудаанд. Бино ба маълумоти Кумитаи тадорукоти конфронс, ба рӯйхати даъватшудагон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Озарбойҷон, Австралия, Афғонистон, Белгия, Бразилия, Британияи Кабир, Олмон, Ҳолланд, Гурҷистон, Дания, Миср, […]

Аваз Юлдошев


Ба конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мегардад, намояндагони 40 кишари ҷаҳон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ даъват шудаанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи тадорукоти конфронс, ба рӯйхати даъватшудагон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Озарбойҷон, Австралия, Афғонистон, Белгия, Бразилия, Британияи Кабир, Олмон, Ҳолланд, Гурҷистон, Дания, Миср, Ҳиндустон, Индонезия, Иордания, Ироқ, Эрон, Ирландия, Қазоқистон, Канада, Қатар, Қирғизистон, Чин, Кореяи Шимолӣ, Қувайт, Малайзия, Норвегия, АМА, Уммон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Сингапур, ИМА, Туркманистон, Туркия, Ӯзбекистон, Фаронса, Шветсия ва Ҷопон шомиланд.

Ғайр аз ин ба унвони 33 созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, аз қабили Дабири кулли СММ, САҲА, роҳбарони Созмони ҷаҳонии савдо, Бонки осиёгии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, ЮНЕСКО, Созмони ҳамкории Шанхай, Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал ва чанде дигарон даъватномаҳои расмӣ фиристода шудаанд.

«То ба имрӯз беш аз 50 нафар даъватшудагон иштироки худ дар кори конфронсро тасдиқ намуданд», – гуфтанд дар Кумитаи тадоруот, вале аз ифшои ному  мансаби онҳо худдорӣ варзиданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, қаблан

иштирок дар кори конфронсро сарони кишварҳои Афғонистону Покистон

Ҳомид Карзай ва Алӣ Осиф Зардорӣ тасдиқ карданд.

Дар ҷараёни кори конфронс як қатор лоиҳаҳо оид ба энергетика, саноат, сохтмони роҳҳо, омодасозии кадрҳо барои Афғонистон муаррифӣ хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.