Зери тарма мондани беш аз 20 сар қӯтос дар ноҳияи Айнӣ

Date:


Шабонарӯзи гузашта дар вилояти Суғд ду ҳодиса тармафаройӣ ба қайд гирифта шуд. Дар бораи талафоти ҷонӣ маълумот дода намешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд хабар доданд, нимаи рӯзи якшанбе дар қаламрави рустои Дарғи ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнӣ тарма фаромадааст. Бар асари он беш аз 20 сар қӯтос зери тарма монда, як қисмати роҳ хароб ва бошишгоҳи саҳроӣ осеб дидаанд. Айни замон дар ҷойи ҳодиса комиссияи махсуси ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ машғули кор аст.

Чанд соат қабл ба ситод дар бораи фаромадани тармаи дуюм хабар расид. Бино ба маълумоти то ҳанӯз носаҳеҳ, ин бор тармафароӣ дар қаламрави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Гуфта мешавад, тарма ба манзили зисти чанде аз сокинони маҳаллӣ зарар расонидааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ маълумот дода намешавад.

«Айни замон наҷотдиҳандагон ба ҷойи пешбинишудаи ҳодиса раҳсипоранд, то ки вазъи баамаломадаро дар ҷояш бисанҷанд», – афзуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...