Суғд: Оғози таъмири хонаҳои баландошёнаи шаҳраки Зарнисор

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» ба корҳои таъмири манзилҳои зисти баландошёнаи мавзеи Зарнисор дар наздикии шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд, ки дар вазъи бад қарор доштанд, ҳусни оғоз бахшид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори генералии корхона Рашид Раҳматов хабар дод, ширкат таъмири панҷ бинои манзилҳои зисти баландошёна дар муддати […]

Бахтиёр Валиев


Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» ба корҳои таъмири манзилҳои зисти баландошёнаи мавзеи Зарнисор дар наздикии шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд, ки дар вазъи бад қарор доштанд, ҳусни оғоз бахшид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори генералии корхона Рашид Раҳматов хабар дод, ширкат таъмири панҷ бинои манзилҳои зисти баландошёна дар муддати ду солро ба уҳда гирифта, дутои он ба ихтиёри мақомоти маъмурии шаҳрак ва сетояш ба ихтиёри ширкат вогузор хоҳанд шуд. «Пас аз таъмир муҳандисон ва коргарони ширкат бо манзилҳои зист аз ин биноҳо таъмин карда мешаванд», – гуфт вай.

Р.Раҳматов мегӯяд, ба ҷуз ҳалли мушкилоти дохилӣ, корхона ҳамчунин ба муассисаву ташкилотҳои шаҳраки Зарнисор низ кумак мерасонад.

«Соли равон бо мусоидату дастгирии ширкат боми кӯдакистони шаҳрак аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба кормандони бемористон ҳамчун изофапулӣ ба маош ҳар моҳ аз корхона дар маҷмӯъ 2,5 ҳазор сомнӣ маблағ ҷудо мегардад. Ғайр аз ин, ҳар моҳ тибқи дархости сардухтур, беморхона бо дорувории зарурӣ таъмин карда мешавад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.