Боздошти ду маҳбуси фирорӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ

Date:


Дар минтақаи ҷануби кишвар ба ду нафар маҳбусон фирор аз зиндон муяссар шуд, вале онҳо базудӣ боз дастгир ва зиндонӣ гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳодиса якчанд рӯз пештар рух додааст. «Дар муассисаи ислоҳотии реҷаи умумии ноҳияи Ёвон ба ду нафар маҳбуси бо ҷурми дуздӣ маҳкумшуда муяссар гардид, ки аз зиндон фирор намоянд, вале худи ҳамон рӯз онҳо дастгир шуданд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи сарчашма, чанде қабл муҳлати адои ҷазои ин маҳбусони фирорӣ тибқи қонуни афв кам карда шуд. «Муҳлати адои ҷазои онҳо то соли 2015 боқӣ монда буд, вале акнун бо назардошти ҳолатҳои нав, замони ба озодӣ баромадани онҳо тӯл хоҳад кашид», – гуфтанд дар мақомот.

Дар бораи чӣ гуна ба фирор даст ёфтани маҳбусон маълумот дода намешавад, аммо фарзияе мавҷуд аст, ки онҳо зимни интиқол ба муассисаи ислоҳотии дигар гурехтаанд.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел дар прокуратураи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...