Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Австрия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер барқияи шодбошӣ ирсол кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:  «Ҷаноби Олӣ,  Бо камоли масаррат Шуморо ба муносибати фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия сидқан табрику таҳният мегӯям.  Тайи солҳои аз ин санаи хотирмон сипаришуда байни […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер барқияи шодбошӣ ирсол кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

 «Ҷаноби Олӣ,

 Бо камоли масаррат Шуморо ба муносибати фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия сидқан табрику таҳният мегӯям.

 Тайи солҳои аз ин санаи хотирмон сипаришуда байни кишварҳои ба ҳам дӯсти мо дар пояи ҳусни тафоҳум, сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобила равобити дар воқеъ ҳам ҳасанаи сифатан нави байнидавлатӣ ташаккул ёфта,ба сатҳи назаррас расидаанд.

 Боиси қаноатмандист, ки имрӯз бар асари саъйю талошҳои муштарак муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Австрия фарогири соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо буда, масири густариши зина ба зинаро касб кардаанд.

 Итминони комил дорам, ки татбиқи пайгиронаи тавофуқоти дар рафти сафари расмии инҷониб ба кишвари дилпазири Шумо ҳосилшуда ба таъмини сатҳ ва мазмуни нави муносиботи гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Австрия мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.

 Бо таманнои саодату хушрӯзиҳои минбаъда ва комёбиҳои рӯзафзун ба аҳли ҷомеаи Австрия сарфарозам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дастовардҳои нав ба нав дар фаъолиятатон орзу намоям”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.