Мулоқоти директори АНМН бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ

Ахири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ Рустам Назаров бо Намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, Сарвари Маркази минтақавии СММ оид ба Дипломатияи “Превентивӣ”, Сафир Мирослав Енча доир гардид. Чуноне аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот, ки бо ташаббуси Маркази минтақавии […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ Рустам Назаров бо Намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, Сарвари Маркази минтақавии СММ оид ба Дипломатияи “Превентивӣ”, Сафир Мирослав Енча доир гардид.

Чуноне аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот, ки бо ташаббуси Маркази минтақавии Дипломатияи первентивӣ барои Осиёи Марказӣ ташкил шуда буд, Директори Агентӣ ҷаноби Сафирро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд.

Ғайр аз ин Р.Назаров ба меҳмон дар бораи ташкили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо ҳамкорон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир  маълумот дод.

Сарвари АНМН дар бораи тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, оид ба фаъолияти Агентӣ, комёбиҳо ва дурнамои рушди он муфассал нақл намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин дурнамои рушди он баъди баровардани нерӯҳои НАТО аз сарзамини ҶИА дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори умед карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.