Воридоти таҷҳизоти тиббии аршишаш 8 млн. $ ба Хуҷанд

Ба шаҳри Хуҷанд таҷҳизоти тиббии арзиши умумиаш 8 млн. доллари ИМА ворид гардид, ки дар шуъбаи таваллудхонаи вилоят насб хоҳад шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати тандурустии ҳукумати вилояти Суғд Ҷаъфар Маҳмадов хабар дод, таҷҳизоти мазкур аз 70 комплекси техникаи муосир, аз ҷумла реанимобил иборат аст. Ин таҷҳизот бо қарзи Бонки рушди Саудӣ дастрас […]

Бахтиёр Валиев


Ба шаҳри Хуҷанд таҷҳизоти тиббии арзиши умумиаш 8 млн. доллари ИМА ворид гардид, ки дар шуъбаи таваллудхонаи вилоят насб хоҳад шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати тандурустии ҳукумати вилояти Суғд Ҷаъфар Маҳмадов хабар дод, таҷҳизоти мазкур аз 70 комплекси техникаи муосир, аз ҷумла реанимобил иборат аст. Ин таҷҳизот бо қарзи Бонки рушди Саудӣ дастрас шудааст. Дар бораи ба кадом муҳлат ва бо чанд фоиз дастрас шудани қарз ҷаноби Маҳмадов маълумот надорад.

Ба қавли вай, таҷҳизот дар шуъбаи таваллудхонаи вилоятӣ, ки айни замон он ҷо корҳои азнавсозӣ ва таъмири асосӣ ҷараён доранд, насб карда хоҳад шуд. Муассисаи тиббии мазкур дорои 210 кат барои беморон буда, дар ин ҷо дар як моҳ ба ҳисоби миёна 418 нафар занон таваллуд мекунанд. Соли 2011 дар ин муассисаи тиббӣ барои таваллуд 5016 нафар занон қабул карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.