Вохӯрии Ҳ.Зарифӣ бо ёварони котиби давлатии ИМА ва Дабири кулли СММ

Дар чаҳорчӯби Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Ёвари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Роберт Блейк вохӯрӣ намуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ёвари Котиби давлатӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон барои созмондиҳии Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки […]

ASIA-Plus


Дар чаҳорчӯби Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Ёвари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Роберт Блейк вохӯрӣ намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ёвари Котиби давлатӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон барои созмондиҳии Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки ба ҳайси омили муҳими мусоидат ба рушди Афғонистон ва кулли минтақа хизмат мекунад, миннатдорӣ баён намуд.

Дар навбати худ, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд кард, ки соли ҷорӣ Конфронс дар сатҳи хеле баланд барпо мегардад, чунки дар қатори намояндагони 46 кишвар ва 30 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ дар кори он чаҳор сарони давлатҳо – президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон иштирок намуданд.

Р. Блейк тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳамеша ҳамсояи худро тариқи ташаббусҳои гуногун оид ба эътидоли ҳарчи зудтари вазъ ва рушди иқтисодии Афғонистон дастгирӣ мекард, чунки ин амр ба нафъи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин перомуни татбиқи лоиҳаҳои мавҷудаи минтақавӣ, ки ба рушди иқтисодии Афғонистон, хусусан сохтмони иншоотҳои инфрасохторӣ ва энергетикӣ нигаронида шудаанд, табодули назар намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Ёвари Дабири кулли СММ ва Мудири минтақавии Барномаи рушди СММ дар Аврупо ва ИДМ Кори Удовички баргузор гардид.

Дар авали сӯҳбат хонум Кори Удовички Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ташкили олии Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон табрик гуфта, ба кори дурӯзаи он комёбиҳо орзу кард.

Зимни вохӯрӣ ҳамсӯҳбатон масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои мавҷудаи муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, инчунин масъалаҳои Конфронси дарпешистодаи «Рио+20»-ро, ки моҳи июни соли равон дар Бразилия сурат мегирад, матраҳ намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.