Боздошти ду маҳбуси фирорӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ

Дар минтақаи ҷануби кишвар ба ду нафар маҳбусон фирор аз зиндон муяссар шуд, вале онҳо базудӣ боз дастгир ва зиндонӣ гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳодиса якчанд рӯз пештар рух додааст. «Дар муассисаи ислоҳотии реҷаи умумии ноҳияи Ёвон ба ду нафар маҳбуси бо ҷурми дуздӣ маҳкумшуда муяссар […]

Наргис Ҳамробоева


Дар минтақаи ҷануби кишвар ба ду нафар маҳбусон фирор аз зиндон муяссар шуд, вале онҳо базудӣ боз дастгир ва зиндонӣ гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳодиса якчанд рӯз пештар рух додааст. «Дар муассисаи ислоҳотии реҷаи умумии ноҳияи Ёвон ба ду нафар маҳбуси бо ҷурми дуздӣ маҳкумшуда муяссар гардид, ки аз зиндон фирор намоянд, вале худи ҳамон рӯз онҳо дастгир шуданд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи сарчашма, чанде қабл муҳлати адои ҷазои ин маҳбусони фирорӣ тибқи қонуни афв кам карда шуд. «Муҳлати адои ҷазои онҳо то соли 2015 боқӣ монда буд, вале акнун бо назардошти ҳолатҳои нав, замони ба озодӣ баромадани онҳо тӯл хоҳад кашид», – гуфтанд дар мақомот.

Дар бораи чӣ гуна ба фирор даст ёфтани маҳбусон маълумот дода намешавад, аммо фарзияе мавҷуд аст, ки онҳо зимни интиқол ба муассисаи ислоҳотии дигар гурехтаанд.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел дар прокуратураи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.