Як зумра иштирокдорони Конфронси RECCA-V дар ҳузури президенти Тоҷикистон

Нимаи дуюми имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра иштирокдорони воломақоми Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ барои Афғонистон (RECCA-5)-ро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни суҳбати нахусти Эмомалӣ Раҳмон, ки бо Вазири нақлиёти Фаронса Тйерри Мариани сурат гирифт, масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии ду кишвари шарик баррасӣ шуд. […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра иштирокдорони воломақоми Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ барои Афғонистон (RECCA-5)-ро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни суҳбати нахусти Эмомалӣ Раҳмон, ки бо Вазири нақлиёти Фаронса Тйерри Мариани сурат гирифт, масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии ду кишвари шарик баррасӣ шуд.

Тйерри Мариани ба Сарвари давлати Тоҷикистон паёми Президенти Фаронса Никола Саркозиро расонид, ки дар он ба ҷониби Тоҷикистон барои сатҳи баланду мусоиди ташкили конфронси мазкур ва нақши намоёну муассираш дар рушди ҳамкории минтақавӣ арзи сипос карда мешавад.

Тйерри Мариани ҳавасмандии Фаронсаро ба густариши ҳамгироӣ бо Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таъкид намуд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории босамари сохторҳои низомии Тоҷикистону Фаронса, ҳамчунин таҳким ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар зарур шумурда шуд.

Ба густариши ҳамкории иқтисодӣ дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот бо Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Ҷо Накано доир ба ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон бо ин кишвари мутараққии ҷаҳон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 Эмомалӣ Раҳмон иштироки намояндаи воломақоми Японияро дар Конфронси RECCA-5 нишонаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ин кишвар ба минтақаи мо арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки ин ҳамоиши муҳим ва тасмимоти муштараки кишварҳо ва созмонҳои мададрасон ба рушди намоёни иқтисодиёт ва амну суботи Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он мусоидати фаъол менамояд.

Аз рушди ҳамкорӣ бо Япония доир ба дастгирии рушди бахшҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон густариши сармоягузории муштарак ба татбиқи лоиҳаҳои судманди иқтисодӣ дар соҳаи коркарди сарватҳои табиӣ ва кишоварзии Тоҷикистон ва дигар бахшҳо «бо истифода аз захираҳоиТоҷикистон ва технологияҳои Япония» матлуб дониста шуд.

Ба гуфти Ҷо Накано, бо назардошти марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон ва нақши муҳими он дар таъмини суботи минтақавӣ Япония омода аст, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, хусусан минтақаи ҷануби он мусоидати фаъол намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.