Суғд: Шаш ҳодисаи худкушӣ дар рӯзҳои ҷашн

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд 6 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки миёни онҳо як духтари ноболиғ низ ҳузур дошт. Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилоят, дар ҳама ҳолатҳо худкушӣ тариқи худро ба дор овехтан сурат гирифтааст. Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Истаравшан сокини 35-солаи ҷамаоти Гули Сурх, дар шаҳри Хуҷанд […]

Мавлуда Рафиева


Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд 6 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки миёни онҳо як духтари ноболиғ низ ҳузур дошт.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилоят, дар ҳама ҳолатҳо худкушӣ тариқи худро ба дор овехтан сурат гирифтааст.

Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Истаравшан сокини 35-солаи ҷамаоти Гули Сурх, дар шаҳри Хуҷанд падари 36-солаи се фарзанд ва дар ноҳияи Ғончӣ модари 24-солаи ду нафар кӯдакон дар манзили зист худро ба дор овехтаанд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров духтари ноболиғ, толибилми синфи 10-ум дар ошхонаи хонаашон худро ба дор овехта ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин як духтари 19-сола, сокини шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод низ дар ҳаммоми хона бо ин роҳ худро ба ҳалокат расонидааст. Як сокини 62-солаи шаҳри Конибодом низ дар ҳолати мастӣ худро дар ошхонаи манзили зисташ ба дор овехта, ҳалок шудааст.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти маҳаллии прокуратура ин далелҳоро мавриди таҳқиқ қарор дода, дар пайи ошкор кардани сабабҳои ба ин амал даст задани фавтидагон мебошанд.

Тибқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи ду моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 37 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон (ҳамин давраи соли гузашта – 35 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки 23 нафари онҳоро мардон (3 ноболиғ) ва 14 нафарашон (1 ноболиғ)-ро занон ташкил медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.