Суди Хатлон шикояти халабонони Rolkan-ро рад кард

Дата:


Суди вилояти Хатлон шикояти халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments LTD Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро рад кард.

Чуноне адвокати халабонон Ғулом Бобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз суди вилояти Хатлон нисбат ба шикояти халабонон оид ба бегуноҳ эътироф кардани онҳо посух гирифта шудааст, ки шикоят беасос буда, ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа дар чаҳорчӯби қонун содир шудааст.

Аммо Бобоев чунин посухро қабул надошта, ба қабули раиси Суди вилоятӣ ноил шуданист. Ба андешаи ӯ, дар амали халабонон аломатҳои ҷиноят тибқи моддаҳои 289 (Қочоқ) ва 335 (Убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ)-и КҶ ҶТ ҷой надоранд.

Ёдрас мекунем, ки 8-уми ноябри соли гузашта додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments LTD, шаҳрвандони Русияву Эстония Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳарду ҳавопаймо ва муҳаррики ҳавопаймо ба фоидаи давлат мусодира шуданд.

Дар таърихи 22-юми ноябр суди вилояти Хатлон бо тартиби кассатсионӣ ҳукмро бознигарӣ намуда, онро то мӯҳлати 2 солу 6 моҳ кам кард ва бо истифода аз қонуни афв ва ба инобат гирифтани муддати дар зиндон будани халабонон, онҳоро аз толори додгоҳ озод кард. Қарори додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа бобати мусодираи ҳавопаймоҳо бетағйир боқӣ гузошта шуда буд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное