Коҳиши талабот ба бензин дар Тоҷикистон

Date:


Дар зарфи 2 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти бензин ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 12 ҳазор тонна коҳиш ёфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсат оид ба таъминоти нафту гази Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Ёрмаҳмад Бегаҳмадов хабар дод, соли равон ба Тоҷикистон дар маҷмуъ 70,6 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 9 ҳазор тонна камтар аст.

«Дар ҳамин ҳол, камбуди бензин дар бозор ба мушоҳида намерасад, зеро ҳаҷми воридоти гази моеъ афзуда, аксари воситаҳои нақлиёт ба истифодаи ин намуди сӯзишворӣ мегузаранд», – гуфт вай.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати кишвар, соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ беш аз 4 маротиба афзуда, 15 ҳазор тоннаро ташкил додааст. «Гази моеъ асосан аз Қазоқистон дастрас гардида, айни замон панҷ ширкат – «Фароз», «Зетгаз», «Тоҷирон», «Газромнефт-Тоҷикистон» ва «Муҳаммад Пӯлод» ба воридоти он ҳамчунин аз Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия низ машғуланд», – гуфтанд дар вазорат.

Зикр гардид, ки дар ин давра ҳамчунин воридоти сӯзишвории дизелӣ низ афзуда, ҳаҷми он аз 17,5 ҳазор тоннаи ҳамин давраи соли гузашта то ба 19,4 ҳазор тонна расонида шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...