Ӯзбекистон барчидани релсҳоро тасдиқ накард

КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то ҳанӯз дар робита ба масъалаи барчидани релсҳо ба роҳи оҳани самти вилояти Хатлон аз ҳамтоҳои ӯзбеки худ маълумоти расмӣ нагирифтааст. «Маъмулан дар чунин ҳолатҳо ҷониби дигарро огоҳ мекунанд, вале мо аз ҳамтоҳои ӯзбеки худ тасдиқи онро нагирифтаем», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори КВД «Роҳи оҳани […]

Пайрав Чоршанбиев


КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то ҳанӯз дар робита ба масъалаи барчидани релсҳо ба роҳи оҳани самти вилояти Хатлон аз ҳамтоҳои ӯзбеки худ маълумоти расмӣ нагирифтааст.

«Маъмулан дар чунин ҳолатҳо ҷониби дигарро огоҳ мекунанд, вале мо аз ҳамтоҳои ӯзбеки худ тасдиқи онро нагирифтаем», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Владимир Собкалов. – Гузашта аз ин, дар суҳбати телефонӣ мақомоти раҳбарии идораи «Ӯзбекистон темир йӯллари» изҳор карданд, ки айни замон корҳо баҳри ба қитъаи дигар кӯчонидани истгоҳи наздимарзии Амузанг ҷараён доранд ва ҳеҷ коре барои барчидани релсҳо сурат нагирифтааст».

Аммо, мегӯяд Собкалов, чанд рӯз пеш кормандони корхона тавассути дурбин мушоҳида кардаанд, ки роҳиоҳанчиёни ӯзбек ба барчидани релсҳо оғоз кардаанд.

Муовини сардори корхона аз он дар ҳайрат аст, ки чӣ гуна вагонҳои Ӯзбекистон, ки ба онҳо релсҳо бор мешаванд, дар марзи Тоҷикистон пайдо шудаанд. «Охир ҳамтоҳои ӯзбеки мо гуфта буданд, ки то ҳанӯз пули роҳи оҳани қитъаи Ғалаба-Амузанг барқарор нашудааст», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки 16-уми ноябри соли равон дар қитъаи роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанг дар қаламрави Ӯзбекистон такягоҳҳои пули роҳи оҳан хароб гардида, дар натиҷа ҳаракати қатораҳо тавассути ин масир қатъ гардид.

Ин қитъаи роҳи оҳани кишвари ҳамсоя қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо нуқтаҳои берун аз қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.

Бино ба маълумоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», айни замон дар қитъаи роҳи Ғалаба-Амузанг беш аз 130 вагонҳои боркаш мутаваққиф шудаанд. Ин вагонҳо дорои маводи сӯзишворӣ, орд, ғалла ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия мебошанд, ки барои вилояти Хатлон ва ВМКБ ва ҳамчунин минтақаҳои шимолии Афғонистон пешбинӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.