Дар «Тоҷиксемент» истеҳсоли семент қатъ шуд

Дар корхонаи бузургтарини истеҳсоли сементи Тоҷикистон – «Тоҷиксемент» бинобар мавҷуд набудани гази табиӣ истеҳсолот боздошта шуд. Ба гуфтаи муовини директори корхонаи «Тоҷиксемент» Музаффар Ҳакимов, то моҳи апрел дар корхона ҳамарӯза то 600 тонна семент истеҳсол мегардид. «Аз 1-уми апрел интиқоли газ ба корхона қатъ шуд, ки ин боис ба қатъи кори мо гардид», – гуфт […]

Заррина Эргашева


Дар корхонаи бузургтарини истеҳсоли сементи Тоҷикистон – «Тоҷиксемент» бинобар мавҷуд набудани гази табиӣ истеҳсолот боздошта шуд.

Ба гуфтаи муовини директори корхонаи «Тоҷиксемент» Музаффар Ҳакимов, то моҳи апрел дар корхона ҳамарӯза то 600 тонна семент истеҳсол мегардид. «Аз 1-уми апрел интиқоли газ ба корхона қатъ шуд, ки ин боис ба қатъи кори мо гардид», – гуфт вай.

Ба эътиқоди Ҳакимов, коргарони корхона ҳамарӯза ба кор меоянд ва ҳанӯз дар бораи ихтисори ҳайати шахсии корхона сухан намеравад, ҳарчанд чунин вазъ ба руҳияи онҳо бетаъсир намонд.

«Мо дар ҳаҷми 16 ҳазор тонна семент захира кардем ва фикр мекунам, ки фурӯши он барои ду моҳ кифоя аст, – гуфт муовини директор. – Ман ба ин боварам, ки масъалаи барқарор кардани интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба таври мусбат ҳал мешавад».

Дар робита ба масъалаи болоравии нархи маҳсулот Ҳакимов иброз дошт, ки мавҷуд набудани гази табиӣ ва қатъи истеҳсолот ба нархи семент таъсир нарасонида, он дар сатҳи пештара – барои1 тонна 950 сомонӣ (199 $) боқӣ мемонад. «Вале бинобар сабаби болоравии қимати барқ нархи семент низ шояд андаке зиёд шавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, дар корхона муддати як соат 10-11 метри мукааб гази табиӣ истифода мешуд, ки арзиши он 375 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медод.

Дар робита ба масъалаи гузаштани корхона ба истифодаи ангишт ҳамчун сӯзишворӣ Ҳакимов гуфт, бидуни гузаронидани ташхиси экологӣ, ҳалли масоили маблағгузорӣ, омӯзиши мутахассисон барои кор дар таҷҳизоти нав ҳалли ин масъала ғайриимкон аст.

Қобили зикр аст, ки маҳсулоти «Тоҷиксемент» асосан дар сохтмони иншооти муҳими кишвар, аз ҷумла корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» ва бунёди роҳу пулҳо  истифода мешаванд.

Иқтидори «Тоҷиксемент» истеҳсоли 1 млн. 100 ҳазор тонна семент дар як солро ташкил медиҳад, вале ахиран корхона танҳо бо истифодаи 70%-и иқтидор фаъолият дошт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.