Ифтитоҳи Қабулгоҳи ҷамъиятии Омбудсмен дар шаҳри Роғун

Чанд рӯз қабл дар шаҳри Роғун маросими расмии ифтитоҳи Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар шаҳри Роғун баргузор гардид. Тавре котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Азиз Солиев хабар дод, дар маросими мазкур З.Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Шарипов Ш.Ф. Раиси шаҳри Роғун, намояндагони мақомоти Суд, Прокуратура, […]

ASIA-Plus


Чанд рӯз қабл дар шаҳри Роғун маросими расмии ифтитоҳи Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар шаҳри Роғун баргузор гардид.

Тавре котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Азиз Солиев хабар дод, дар маросими мазкур З.Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Шарипов Ш.Ф. Раиси шаҳри Роғун, намояндагони мақомоти Суд, Прокуратура, ШКД, Роҳбари ТБ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» Н. Ширинбекова, раисон, кормандони ҷамоатҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО иштирок намуданд.

«Дар доираи ифтитоҳи Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Роғун Мизи мудаввар дар мавзӯи «Шиносоӣ бо фаъолияти Қабулгоҳи ҷамъиятӣ ҳамчун механизми ҳимоякунандаи ҳуқуқи инсон» баргузор гардида, барои иштирокчиён мақсад ва ҳадафҳои таъсиси Қабулгоҳи ҷамъиятӣ фаҳмонида шуд», – гуфт ӯ.

 Қобили зикр аст, ки ин панҷумин Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад ва чунин қабулгоҳҳо дар шаҳрҳои Турсунзода, Қурғонтеппа, Хуҷанд ва ноҳияи Айнии Вилояти Суғд дар ҳоли ҳозир фаъолият доранд.

Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар самтҳои мусоидат ба барқароркунии ҳуқуқҳои вайронгардидаи шаҳрвандон, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, расонидани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ фаъолият менамояд.

Чорабиниҳо барои таъсиси чунин қабулгоҳҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дошта, ифтитоҳи онҳо дар ояндаи наздик дар шаҳрҳои Кулоб, Ишкошим ва Хоруғ дар назар дошта шудааст.

Ҳамаи хизматрасониҳои Қабулгоҳи ҷамъиятӣ ба тариқи  ройгон амалӣ мегардад.

Қабулгоҳи ҷамъиятии мазкур бо ибтикори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва маблағгузории Вазорати рушди байналхалқии Бритониёи Кабир (DFID) тавассути ТБ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» ба муддати 2 сол амалӣ карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.