Стратегияи навбатии миёнамӯҳлати Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баррасӣ шуд

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи васеи Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз дар назди Котиботи Шӯрои миллии рушд – Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба таҳияи стратегияи навбатии миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015 дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 доир гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти взорати мазкур хабар доданд, […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи васеи Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз дар назди Котиботи Шӯрои миллии рушд – Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба таҳияи стратегияи навбатии миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015 дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 доир гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти взорати мазкур хабар доданд, дар оғоз вазири рушди иқтисод ва савдо/роҳбари Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз аъзоёни гурӯҳи кории ҳамоҳангсозро хайрамақдам намуда, ба кори ҷаласа оғоз бахшид. Дар ин росто, роҳбари Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз маълумоти мухтасар оид ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишаванда, яъне оид ба ҳадафҳои стратегию афзалиятҳои миллии кишвар, густариши ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамкориҳои ҳамшарикӣ, ки дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 муайян гардидаанд, ибрози назар намуд.

Баъдан мувофиқи барномаи ҷаласа, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон/Муовини роҳбари Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз, Давлатзод У.Д. оид ба масъалаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015; Таҳияи Стратегияи миёнамӯҳлати навбатӣ барои солҳои 2013-2015 гузориш ва муаррифӣ манзур намуд. Дар гузориши худ нисбати ҷараёни татбиқи афзалиятҳои миллӣ дар доираи стратегияҳои дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлат суханронӣ намуда, равандҳои афзалиятноки минбаъдаро дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегии зикргардида ва қадамҳои ояндаро мутобиқ ба таҳияи хуҷҷати мукаммал барои давраи миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015 дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 иброз намуд.

Ҳамчунин дар рафти ҷаласа бо иштироки аъзоёни Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз музокирот доир гардида, оид ба сохтор ва консепсияи стратегияи мазкур таклифу пешниҳодҳо баён гардиданд. Роҳбарияти Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз нисбати таклифу пешниҳодҳои иштироккунандагони ҷаласа ва иштироки фаъоли онҳо изҳори қаноатмандӣ ва миннатдорӣ намуда, аз аъзоёни Гурӯҳи корӣ хоҳиш намуд, ки пешниҳодҳои худро дар шакли мукаммалу мушаххас ва асоснок ба таври хаттӣ ба Вазорат манзур намоянд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.