Супориши раиси вилояти Хатлон бобати дар Қубодиён боз кардани корхонаҳои саноатӣ

Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов зимни сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён аз он изҳори норозигӣ баён кард, ки дар муддати 5 соли ахир дар ин ноҳия ягон корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор нагирифтааст. Раиси вилоят аз он изҳори тааҷҷуб намуд, ки чаро соҳибкорони ноҳия ба ифтитоҳи корхонаҳои хурди саноатӣ дар ноҳия кӯшиш ба харҷ намедиҳанд. […]

Сайраҳмон Назриев


Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов зимни сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён аз он изҳори норозигӣ баён кард, ки дар муддати 5 соли ахир дар ин ноҳия ягон корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор нагирифтааст.

Раиси вилоят аз он изҳори тааҷҷуб намуд, ки чаро соҳибкорони ноҳия ба ифтитоҳи корхонаҳои хурди саноатӣ дар ноҳия кӯшиш ба харҷ намедиҳанд. Ӯ ба роҳбарони ҷамоатҳо ва муовинони раиси ноҳия супориш дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин бо соҳибкорон гуфтушунид анҷом дода, онҳоро ба кушодани корхонаҳои хурд муътақид созанд ва дар муддати ду соли наздик дар ноҳия ҳадди ақалл се корхона ба фаъолият шуруъ кунад.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки қаблан ба тамоми раисони шаҳру навоҳӣ супориш дода буд, ки фермаҳои куҳнаро ба ихтиёри соҳибкорони ба рушди тичорат дар соҳаи чорводорӣ манфиатдор диҳанд, вале то ҳанӯз дар ин самт беҳбудие ба чашм намерасад.

«Ҷанобон, то кай шаҳрвандони мо баҳри ҷустуҷӯйи кор ба хориҷи кишвар мераванд? Вақти он расидааст, ки корхонаҳои истеҳсолии худро боз ва аҳолиро бо ҷойҳои корӣ таъмин намуд», – гуфт зимни вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия Ғайбулло Авзалов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.