Санҷиши фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи барқ

Date:


Ҳафтаи сипаришуда бо супориши Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Гул Шералӣ аз ҳисоби кормандони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ба вилоятҳои Хатлону, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ш. Душанбе дар маҷмӯъ 14 гурӯҳи корӣ сафарбар карда шуда, дар шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои кориро намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамроҳӣ намуданд. Дар як қисми минтақаҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон, дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии вилоятиву шаҳрӣ бо соҳибмулкон ва роҳбарони корхонаҳо ҷаласаҳои корӣ доир карда шуд.

Мақсади сафар аз боздид ба амал овардан аз корхонаҳои истеҳсолӣ, новобоста аз шакли моликият ҷиҳати истифодаи самаранок аз нерӯи барқ, ташкили фаъолияти корхонаҳо дар ду-се баст иборат буда, айни замон бинобар фароҳам омадани имконияти таъмини тамоми ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ, ҷиҳати истифода намудани самараноки корхонаҳо аз нерӯи барқ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Вобаста ба ин аз ҷониби Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирии мунтазам ва доимии масъалаҳои зикргардида, ҳамчунин таҳлилу баррасӣ, пешниҳоди ҳисоботҳо ва андешидани тадбирҳо аз тарафи масъулони соҳаҳои вазорат, корхонаҳои воҳиди давлатӣ, таъкид карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими тобистон ба мушкилоти фурӯши нерӯи барқи зиёдатӣ мувоҷеҳ мегардад, ки тибқи баъзе маълумот он то 2 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.

Айни замон Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон дар ҳаҷми начандон назаррас метавонад нерӯи барқро содирот намояд. Соли гузашта ба Афғонистон дар як шабонарӯз то 20 Мвт барқ интиқол мегардид. Соли равон афзудани ин ҳаҷм то 80 МВт дар як шабонарӯз ба нақша гирифта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...