Суғд: Сабти 70 ҳодисаи худкушӣ дар соли равон

Date:


Дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд 67 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан (соли 2011 – 54 ҳодиса) ба қайд гирифта шуд, ки миёни онҳо 42 нафарашонро мардон (5 нафар ноболиғ) ва 25 нафари дигарро занон (4 нафар духтари ноболиғ) ташкил медиҳанд.

Рӯзҳои аввали моҳи апрел дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боз 3 ҳодисаи худкушӣ сабт гардид, ки ду нафари ба ин амал дастзада толибилмони синфҳои 9 ва 11 мебошанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи душанбеи ҳафтаи равон хонандаи синфи 11-уми мактаб-литсейи шаҳри Исфара А.И. дар оғили хонадонашон худро ба дор овехтааст. Дар ҷасади фавтида аломатҳои марги маҷбурӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Ҳодисаи дуюм рӯзҳои истироҳат дар ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқуъ пайвастааст. Толибилмдухтари синфи нуҳум низ дар манзили зисташ худро ба дор овехтааст.

Мақомоти прокуратураи маҳаллӣ ба  ошкор сохтани сабабҳои ба ин амал даст задани хонандагони макотиб машғуланд.

Ҳафтаи гузашта сокини 34-солаи шаҳри Табошар А.Х. низ тавассути худро ба дор кашидан бо ҳаёт падруд гуфт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related