Латукӯби кормандони милиса дар Кӯлоб

Date:


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як гурӯҳи афроди сархуш ва авбош ба кормандони милиса ҳамла карда, онҳоро мавриди латукӯб қарор додаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳодисаи мазкур дар Кӯлоб рӯзи 11-уми апрел рух дода, рӯзи дигар яке аз гумонбаршудагон – сокини 33-солаи маҳаллии қаблан барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкумшуда боздошт мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, боздоштшуда ҳамроҳ бо дӯстони худ кормандони милиса – Аҳмедҷон Аҳмедов, Асадулло Имомов ва Сӯҳроб Юнусовро латукӯб кардаанд. Айни замон «дӯстон»-и боздоштшуда мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Гуфта мешавад, пас аз латукӯб авбошон автомашинаи яке аз кормандони милисаро таҳти сангборон карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...