Ярмаркаи солонаи таълимӣ дар Маркази исмоилияи пойтахт

Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ» ва «Барномаи стипендиявӣ»-и Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 апрели соли 2012 дар бинои Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Ярмаркаи солонаи таълимиро мегузаронанд. Тавре аз ташкилоти мазкур хабар доданд, дар ярмарка ба ҳамаи хоҳишмандон, ки аксарияташонро донишҷӯён, мактаббачагон ва […]

ASIA-Plus


Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ» ва «Барномаи стипендиявӣ»-и Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 апрели соли 2012 дар бинои Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Ярмаркаи солонаи таълимиро мегузаронанд.

Тавре аз ташкилоти мазкур хабар доданд, дар ярмарка ба ҳамаи хоҳишмандон, ки аксарияташонро донишҷӯён, мактаббачагон ва мутахассисони ҷавон ташкил мекунанд, имконият дода мешавад, то дар бораи барномаҳои таълимие, ки дар мамлакатҳои ИДМ ва берун аз он мавҷуданд, иттилооти зарурӣ ба даст оранд.

Дар чаҳорчӯби Ярмаркаи солонаи таълимӣ намояндагони ташкилотҳои мазкур дар бораи системаи таълим дар хориҷа, тартиби тайёр кардани маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ва супурдани тестҳо барои таҳсил дар хориҷа, инчунин дар бораи шартҳои гирифтани кӯмаки молиявӣ лексияҳои машваратӣ мегузаронанд. Шахсони манфиатдор метавонанд оид ба барномаҳои дилхоҳашон бевосита дар ярмарка саволномаю брошюраҳо пайдо кунанд.

Ярмаркаи таълимӣ аз соли 2001 оғоз гирифта, имсол даҳумин маротиба барпо мегардад. Соли 2011 тақрибан 4000 нафар ба ин чорабинӣ ташриф оварданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.