Латукӯби кормандони милиса дар Кӯлоб

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як гурӯҳи афроди сархуш ва авбош ба кормандони милиса ҳамла карда, онҳоро мавриди латукӯб қарор додаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳодисаи мазкур дар Кӯлоб рӯзи 11-уми апрел рух дода, рӯзи дигар яке аз гумонбаршудагон – сокини 33-солаи маҳаллии қаблан барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир […]

Наргис Ҳамробоева


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як гурӯҳи афроди сархуш ва авбош ба кормандони милиса ҳамла карда, онҳоро мавриди латукӯб қарор додаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳодисаи мазкур дар Кӯлоб рӯзи 11-уми апрел рух дода, рӯзи дигар яке аз гумонбаршудагон – сокини 33-солаи маҳаллии қаблан барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкумшуда боздошт мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, боздоштшуда ҳамроҳ бо дӯстони худ кормандони милиса – Аҳмедҷон Аҳмедов, Асадулло Имомов ва Сӯҳроб Юнусовро латукӯб кардаанд. Айни замон «дӯстон»-и боздоштшуда мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Гуфта мешавад, пас аз латукӯб авбошон автомашинаи яке аз кормандони милисаро таҳти сангборон карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.