Тирпарронии шаҳрванди Тоҷикистон дар яке дорухонаҳои Маскав

Дар яке аз дорухонаҳои маркази шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон маблағи харидашро бо пули қалбакӣ (сохта) ҳисоббаробарӣ карданӣ шуда, пас аз ошкор шудани қалбакӣ будани пул ба сӯи фурӯшандаи дорухона аз таппончаи пневматикӣ тир холӣ намуда, таҳдид кардааст, ки тамоми маблағи хазинаро ба ӯ диҳанд. Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба як манбаъ дар хадамоти матбуоти Сарраёсати […]

ASIA-Plus


Дар яке аз дорухонаҳои маркази шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон маблағи харидашро бо пули қалбакӣ (сохта) ҳисоббаробарӣ карданӣ шуда, пас аз ошкор шудани қалбакӣ будани пул ба сӯи фурӯшандаи дорухона аз таппончаи пневматикӣ тир холӣ намуда, таҳдид кардааст, ки тамоми маблағи хазинаро ба ӯ диҳанд.

Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба як манбаъ дар хадамоти матбуоти Сарраёсати умури дохилии шаҳри Маскав менависад, шомгоҳон, тахминан соатҳои 22:15 дакиқа ду нафар ба дорухонаи воқеъ дар кӯчаи Маросейка ворид гардида, яке аз онҳо маблағи харидро бо пули арзишаш 5 ҳазор рубл ҳисоббаробарӣ карданӣ мешавад, аммо фурӯшандаи дорухона қалбакӣ будани пулро ошкор месозад.

Пас аз ин онҳо бо таппончаи пневматикӣ ба суйи корманди дорухона тир холӣ намуда, талаб мекунанд, ки маблағи пулии хазинаро пурра ба онҳо диҳад. Сипас онҳо аз ҷои ҳодиса гурехтанӣ мешаванд, вале кормандони пулиси бо даъвати шоҳидон ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда, яке аз онҳоро боздошт мекунад. Боздоштшуда шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон будааст.

Бар асари ин ҳодиса корманди дорухона захмиву ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон мунтақил шудааст. Дар ҷойи ҳодиса таппончаи пневматикӣ дарёфт ва мусодира гардидааст. Масъалаи боз намудани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин ҳодиса мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, нафари дуюми дар ҷиноят дастдошта ҷустуҷӯ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.