Тадбирҳои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинони пойтахт

Date:


Дар назди раиси шаҳри Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии корҳои фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти макомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар ин бора қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расида, раиси Шӯрои нав муовини аввали раиси пойтахт Насрулло Хайруллоев ва котиби Шӯро мудири шӯъбаи маъмӯрию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Фозил Бӯриев таъин карда шуданд. Ҳайати умумии Шӯро аз 25 нафар аъзо иборат аст.

Дар қарор ҳамчунин дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр  намудани  мубориза  бар  зидди ҷинояткори,  таъмини   амнияти шаҳрвандон,  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе сухан меравад.

Ҷаласаҳои Шӯро охири ҳар се моҳ аз ҷониби роҳбари Шӯро даъват карда шуда, дар он иштироки роҳбарони мақомоту сохторҳои масъул бо пешниҳоди ҳисоботи якмоҳаи расмӣ ба Шӯро аз рафти корҳои анҷомдода ҳатмӣ аст ва аз натиҷаи ҳар ҷаласа протокол тартиб дода шуда, на дертар аз санаи 10-ми моҳи навбатӣ бо имзои роҳбари Шӯро ба раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод мегардад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...