«Истиқлол» аз вазъи майдони футболи варзишгоҳи марказӣ қаноатманд нест

Қаҳрамони мусобиқоти футболи Лигаи олии ҷумҳурӣ дар соли гузашта – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аз вазъи майдони футболи варзишгоҳи марказии пойтахт қаноатманд набуда, вохӯрии дуюми чемпионати имсоларо низ дар майдони бетараф доир месозад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти дастаи мазкур, ҳамин тариқ рӯзи 14-уми апрел вохӯрии даста бо тими «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри […]

Пайрав Чоршанбиев

Қаҳрамони мусобиқоти футболи Лигаи олии ҷумҳурӣ дар соли гузашта – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аз вазъи майдони футболи варзишгоҳи марказии пойтахт қаноатманд набуда, вохӯрии дуюми чемпионати имсоларо низ дар майдони бетараф доир месозад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти дастаи мазкур, ҳамин тариқ рӯзи 14-уми апрел вохӯрии даста бо тими «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода (57 километрии ғарби шаҳри Душанбе) баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, майдони фуболи варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе низ дар ҳолати хеле бад қарор дорад. Соли гузашта дастаи «Истиқлол» бештари вохӯриҳои худро дар ин варзишгоҳ баргузор мекард.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ба муддати се моҳ дар варзишгоҳи марказии пойтахт (қаблан варзишгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Фрунзе) корҳои таъмир анҷом дода шуданд. Ба қавли мақомоти раҳбарии варзишгоҳ, дар ин давра майдони футболи варзишгоҳ ба тартиб оварда шуда, барои нишасти мухлисон курсиҳои пластикӣ гузошта шуданд, ки пас аз ин ғунҷоиши стадион ба 20 ҳазору 145 нафар расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.