Тадбирҳои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинони пойтахт

Дар назди раиси шаҳри Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии корҳои фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти макомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар ин бора қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расида, раиси Шӯрои […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар назди раиси шаҳри Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии корҳои фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти макомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар ин бора қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расида, раиси Шӯрои нав муовини аввали раиси пойтахт Насрулло Хайруллоев ва котиби Шӯро мудири шӯъбаи маъмӯрию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Фозил Бӯриев таъин карда шуданд. Ҳайати умумии Шӯро аз 25 нафар аъзо иборат аст.

Дар қарор ҳамчунин дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр  намудани  мубориза  бар  зидди ҷинояткори,  таъмини   амнияти шаҳрвандон,  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе сухан меравад.

Ҷаласаҳои Шӯро охири ҳар се моҳ аз ҷониби роҳбари Шӯро даъват карда шуда, дар он иштироки роҳбарони мақомоту сохторҳои масъул бо пешниҳоди ҳисоботи якмоҳаи расмӣ ба Шӯро аз рафти корҳои анҷомдода ҳатмӣ аст ва аз натиҷаи ҳар ҷаласа протокол тартиб дода шуда, на дертар аз санаи 10-ми моҳи навбатӣ бо имзои роҳбари Шӯро ба раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод мегардад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.