Корхонаи шишабарории «Лаъл» ба истифодаи мазут мегузарад

Корхонаи шишабарории «Лаъл» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба истифодаи мазут ҳамчун маводи сӯзишворӣ дар истеҳсолот мегузарад. Айни замон корхона фаъолият надорад, зеро аз 1-уми апрел интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба корхона қатъ гардидааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти корхона хабар доданд, корхонаи «Лаъл» ягона корхонае дар вилояти Суғд боқӣ монда буд, ки ба сифати […]

Меҳрангез Турсунзода


Корхонаи шишабарории «Лаъл» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба истифодаи мазут ҳамчун маводи сӯзишворӣ дар истеҳсолот мегузарад.

Айни замон корхона фаъолият надорад, зеро аз 1-уми апрел интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба корхона қатъ гардидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти корхона хабар доданд, корхонаи «Лаъл» ягона корхонае дар вилояти Суғд боқӣ монда буд, ки ба сифати маводи сӯзишворӣ газро истифода мекард. Корхонаву фабрикаҳои дигари вилояти Суғд кайҳо ба истифодаи барқ ё дигар навъи маводи сӯзишворӣ гузаштаанд.

«Мо ба ҷуз истифодаи мазут ба ҷойи гази табиӣ, дигар илоҷи ҳалли мушкилотро намебинем», – гуфтанд дар маъмурияти корхона.

Дар ҳамин ҳол, ОИ Regnum менависад, дар вилояти Суғд боз як корхонаи дигари шишабарории «ХКТ» низ ба ҷойи гази табиӣ ба истифодаи ангишт гузаштааст.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон беш аз 130 корхонаҳои саноатии кишвар ба ивази газ ба истифодаи ангишт ҳамчун маводи сӯзишворӣ гузаштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.