Оғози ҷарроҳии бемории иллати дили модарзодӣ дар кӯдакони навзод

Дар Тоҷикистон ба анҷом додани амали ҷарроҳии кӯдакони навзоде, ки дорои бемории иллати дили модарзодӣ мебошанд, оғоз мекунанд. То ин замон чунин ҷарроҳиҳоро мутахассисони тоҷик танҳо бо кӯдакони синнусоли аз 3-сола боло анҷом медоданд. Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати ташкили хизматгузориҳои тиббӣ, модарон, кӯдакон ва банақшагирии оилаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Шералӣ Раҳматуллоев хабар дод, […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар Тоҷикистон ба анҷом додани амали ҷарроҳии кӯдакони навзоде, ки дорои бемории иллати дили модарзодӣ мебошанд, оғоз мекунанд. То ин замон чунин ҷарроҳиҳоро мутахассисони тоҷик танҳо бо кӯдакони синнусоли аз 3-сола боло анҷом медоданд.

Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати ташкили хизматгузориҳои тиббӣ, модарон, кӯдакон ва банақшагирии оилаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Шералӣ Раҳматуллоев хабар дод, ним сол пеш бо дастгирии ҳукумат ҳашт нафар ҷарроҳон ҷиҳати бозомӯзӣ ба Чин фиристода шуда буданд. «Анҷоми чунин ҷарроҳиҳо тобистон шуруъ мешавад», – гуфт вай.

Бино ба маълумоти номбурда, ҳудуди 70%-и кӯдакони навзоди дорои бемории илллати дили модарзодӣ дар муддати 1 моҳи пас аз таваллуд ба ҳалокат расида, 30%-и дигар маъюб боқӣ мемонанд. «Мо чунин ҷарроҳиҳоро ба кӯдакони синнусоли аз 3-сола боло мегузаронидем ва акнун вазифаи асосии мо дар он ифода меёбад, ки ба ин монанд ҷарроҳиҳои душворро барои кӯдакони навзод низ анҷом диҳем», – иброз дошт Раҳматуллоев.

Ба қавли намояндаи Вазорати тандурустӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 80 нафар кӯдакони дорои бемории иллати дили модарзодӣ ҷарроҳӣ шуда, дар зарфи чор моҳи соли равон бошад, ин шнишондиҳанда 53 ҷарроҳиро ташкил медиҳад.

Дар робита ба масъалаи арзиши чунин ҷарроҳӣ Раҳматуллоев зикр кард, ки қимати он нисбат ба кишварҳои хориҷӣ хеле арзонтар аст. «Чунин ҷарроҳӣ дар кишварҳои дигар аз 7 то 10 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад, вале дар мо вобаста ба мушкилии беморӣ он аз 16 то 20 ҳазор сомонӣ аст. Мо низ чунин ҷарроҳиҳоро метавонем дар сатҳи баланд анҷом диҳем, зеро технологияи мо низ аз технологияи онҳо ҳеҷ тафовуте надорад. Ғайр аз ин, табибони мо ҷарроҳиҳоеро, ки масалан дар Қазоқистон аз он даст мекашанд, низ анҷом медиҳанд», – афзуд Ш.Раҳматуллоев.

Бино ба маълумоти Вазрати тандурустии ҷумҳурӣ, айни замон дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор нафар афроди дорои бемории иллати дил ба сар мебаранд, ки 3 ҳазор 700 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.