Дархости ҳалли тақдири ҳавопаймоҳои ширкати Rolkan

Раёсати молияи шаҳри Қӯрғонтеппа бо дархости ба тавозуни онҳо ё Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гузаронидани ҳавопаймоҳои мусодирашудаи ширкати Rolkan Investments Ltd расман ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ муроҷиат кард. Ҳавопаймоҳои мусодирашуда зиёда аз як сол аст, ки дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа қарор доранд. Ёдрас мекунем, ки 8-уми ноябри соли гузашта додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонони […]

Сайраҳмон Назриев


Раёсати молияи шаҳри Қӯрғонтеппа бо дархости ба тавозуни онҳо ё Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гузаронидани ҳавопаймоҳои мусодирашудаи ширкати Rolkan Investments Ltd расман ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ муроҷиат кард.

Ҳавопаймоҳои мусодирашуда зиёда аз як сол аст, ки дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки 8-уми ноябри соли гузашта додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments LTD, шаҳрвандони Русияву Эстония Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳарду ҳавопаймо ва муҳаррики ҳавопаймо ба фоидаи давлат мусодира шуданд.

Дар таърихи 22-юми ноябр суди вилояти Хатлон бо тартиби кассатсионӣ ҳукмро бознигарӣ намуда, онро то мӯҳлати 2 солу 6 моҳ кам кард ва бо истифода аз қонуни афв ва ба инобат гирифтани муддати дар зиндон будани халабонон, онҳоро аз толори додгоҳ озод кард. Қарори додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа бобати мусодираи ҳавопаймоҳо бетағйир боқӣ гузошта шуда буд.

Аз Раёсати молияи шаҳри Қӯрғонтеппа ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки онҳо умедворанд Вазорати молия масъаларо ба таври мусбат ҳал мекунад. «Ҳавопаймоҳо ба маъмурияти шаҳр лозим нестанд, зеро онҳоро истифода карда наметавонад. Ғайр аз ин, ҳукумати шаҳр онҳоро наметавонад бифурӯшад ё ба тавозуни ягон корхонае гузаронад. Аз ин рӯ, мо моҳи феврал бо дархости дахлдор ба унвони Вазорати молияи ҷумҳурӣ нома ирсол намудем, вале то ҳанӯз посух нагирифтаем», – зикр кард манбаъ.

Қаблан мақомоти раҳбарии ширкати Rolkan Investments LTD бозпас баргардонидани ҳавопаймоҳоро талаб карда буд. Роҳбари ширкат Сергей Полуянов дар шикоят ба суди Хатлон изҳор карда буд, ки ҳавопаймоҳо моликияти ширкат маҳсуб ёфта, мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ дар сурати хилофи қонун рафтор накардани молики он, ба мусодираи он ҳуқуқ дода намешавад. Аммо суди вилояти Хатлон мактуби шикоятии мудири кулли ширкати Rolkan Investments LTD Сергей Полуяновро барои баррасӣ қабул накарда, онро бозпас фиристод, зеро дар он иштибоҳот ҷой доштанд.

Ҳамчунин суди вилояти Хатлон шикояти халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments LTD Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро рад кард. Чуноне адвокати халабонон Ғулом Бобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, аз суди вилояти Хатлон нисбат ба шикояти халабонон оид ба бегуноҳ эътироф кардани онҳо посух гирифта шудааст, ки шикоят беасос буда, ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа дар чаҳорчӯби қонун содир шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.